Ҳимояти дипломати англис аз мубориза бо мухаддирот дар Тоҷикистон
Имрӯз, 20-уми март, боздиди Колин Робертс, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё аз Тоҷикистон ба поён расид.
Тавре аз сафорати Британия дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Робертс, зимни ин сафари худ, ки аз 18 то 20-уми март ҷараён дошт, бо раиси вилояти Бадахшон, Қосим Қодирӣ, ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, Зариф Ализода мулоқот намудааст. Ба иттилои манбаъ инчунин Робертс бо генерал-лейтенант Рустам Назаров, сардори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мулоқот намуда, аз ҳамкориҳо бо ин ниҳод изҳори қаноатмандӣ намудааст. Дипломати англис бо ситоиш аз фаъолияти пурсамари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки Бритониё ҳамкории худро минбаъд бо ин ниҳод густурдатар хоҳад кард.
Дар охир ҷаноби Робертс аз таълимгоҳи бозомузии кормандони қушунҳои сарҳадии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) боздид намуда, сафари худро дар Тоҷикистон ба итмом расондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |