Ҳилоли Аҳмар 600 ҳазор тоҷикистониро бо оби тоза таъмин кардааст

Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22-юми март таҷлил мешавад, иттилоия пахш карда, изҳор медорад, ки айни ҳол дар ҷаҳон 2.5 миллиард нафар ба оби тоза ва шароити хуби санитарӣ дастрасӣ надоранд.
Ин созмон мегӯяд, танҳо 12 дарсади сармояҳои башардӯстонае, ки дар ҷаҳон барои об ва беҳдоштӣ ҷудо мешавад, ба самти беҳдоштӣ равона мегардад. Бино ба ин дар Рӯзи ҷаҳонии об, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз рафъи набуди тавозун дар обрасонӣ ва беҳдошт ҳимоя мекунад.
Дар Тоҷикистон Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, мусоидат намудааст, то ҳоҷатхонаҳо ва низомҳои обрасонӣ бунёд шаванд ва ба ин роҳ бо маризиҳои гузаранда мубориза бурда шавад. Дар иттилоияи ин Созмон аз ҷумла омадааст: “Тӯли солҳои 2002-2009 бештар аз 100,000 нафар, аксаран мактаббачаҳо ба ҳоҷатхонаҳо дастрасӣ ёфтанд, ки дар чаҳорчӯбаи тақрибан 500 зертарҳ дар саросари кишвар, асосан дар мактабҳо бунёд гардида буд. Сар аз соли 1997 бад ин сӯ бештар аз 600 000 нафар дар саросари кишвар дар чаҳорчӯбаи зиёда аз 180 лоиҳа ба оби тоза даст ёфтанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |