Эмомалӣ Раҳмон озими Ашқобод шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии бахшида ба чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Туркманистон сафар кард.
Тавре аз Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, раиси Кумитаи парлумони Тоҷикистон, Олим Салимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки нимаи дуюми имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоёни туркману афғонаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Ҳомид Карзай мулоқоти сеҷониба гузаронад. Тавре хабаргузории “ИТАР ТАСС” менависад, президентҳои ин се кишвар ёддошт оиди пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистонро тавассути Афғонистон ба имзо мерасонанд.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ кардааст. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.
Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки аввали моҳи равон зимни сафари мақомоти қирғиз ба Душанбе маълум гардид, ки Тоҷикистон аз лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Эрон дар канор мондааст ва акнун ба ҷои Тоҷикистон дар ин лоиҳа Узбакистон ширкат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |