Дастури Бердимуҳаммедов барои ҳамкории бештари нассоҷони тоҷику туркман
Дар шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти нассоҷии Туркманистон баргузор мешавад.
Тавре расонаи хабарии «turkmenistan.ru» иттилоъ медиҳад, ин намоишгоҳ аз 10 то 15-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Ба навиштаи ин расона раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ба иштирокдорони намоишгоҳ дастур додааст, ки аз ҳузурашон дар Душанбе самаранок истифода карда, бо корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монда барои ташкили корхонаҳои муштарак талош кунанд.
Созмондиҳандагони ин ярмарка Вазорати саноати нассоҷӣ ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон арзёбӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |