Бозии ҳалкунандаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек

Фардо, 21-уми март, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии сеюмашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AФК-2014 мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад.
Ин бозии охирон ва барои ҳардуи даста ҳалкунанда буда, дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови Бишкек соати 15 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ мунтахаби Тоҷикистон имкон дорад, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёбад. Вале мунтахаби Қирғизистон танҳо дар сурати пирӯз шудан ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифта метавонад.
Тибқи низомномаи мусобиқа панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.
Феълан дар ҷадвали гурӯҳи “В” дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо 6 имтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои Покистон ва Макао имтиёз бадаст наовардаанд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шудаанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 рӯзи, 17-уми март, дар бозии аввалинаш дар Бишкек бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Рӯзи 19-уми март бошад дар бозии дуюмаш мунтахаби Макаоро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |