Муҳоҷири маҷрӯҳ: "Шифо ёфтам, боз ба Русия меравам. Дар он ҷо пул меёбӣ..."
Абдулғании АБДУЛВАҲҲОБ
Назришо Шеров, яке аз он 6 муҳоҷири тоҷик, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскав аз корди фарди номаълум маҷруҳ шуда буданд, ин воқеаро ба "Озодагон" нақл кард. Ӯ дар оғоз гуфт, "мо дар истгоҳи метрои “Теплий стан”-и шаҳри Маскав мунтазири метро будем, то ба ҷойи кори худ биравем. Дар ҳамин вақт як шахси ношинос омад ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо Ҷӯрабек, яке аз рафиқонам, ба ӯ ҳамла намуда, захмияш кард. Пас, ман ба тарафи бачаҳои тоҷик, ки дар гирду атрофам буданд, гуфтам, биёед, равем ӯро дастгир намоем. Аммо ба ҷуз яке аз ҳамкоронам бо номи Ҳотам каси дигаре наомад ва мо низ дар натиҷаи задухӯрд бо ӯ захм бардоштем."
-Гуфтед, ки дар наздикиятон бачаҳои тоҷик бисёр буданд, вале касе аз онҳо ба кӯмакӣ Шумо наомад, чаро?
-Хайр, дар бораи бачаҳои тоҷик чӣ гуям?! Бачаҳои мо хунро диданд, тамом. На наздик мешаванду на коре доранд.
-Шумо чигуна аз дасти ин одам раҳо шудед?
-Дар ин ҳолат як пирамарди рус ба тарафи мо давид. Маро дид, ки захмӣ бардошта ва хуни зиёде аз баданам меравад. Ҳамон марди ҳамлагарро бо асояш зада, аз ман дур кард ва баъд ба ёрии таъҷилӣ занг заданду маро ба бемористон бурданд.
-Дигар надидед, ки ӯ куҷо шуд?
-Мисли филмҳои ҳиндӣ, ки ҳама кор тамом мешавад ва баъд кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, бачаҳои Бадахшон ва дигар бачаҳои тоҷик омаданд, ки алакай ӯ рафта буд.
-Шуморо дар бемористон чигуна қабул карданд?
-Медонед, чӣ? Аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки барои шаҳрванди Тоҷикистон дар беморхонаҳои Русия як доруи оромбахш ё худ новокаинро ҳангоми ҷарроҳӣ намудан ҳайф мешуморанд. Бе ягон дору, ба қавле, зиндадӯз карданд.
-Аз тарафи сафорати Тоҷикистон дар Русия ё Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон нафаре ба аёдати Шумо омад?
-Не, мутаассифона, касе наомад ва ягон сухане ҳам аз онҳо шунида нашуд. Танҳо Саид Боев омад, корманди Хадамот, будааст, тамом.
-Ҳоло чӣ ният доред? Боз ба Русия бармегардед ё?..
-Бале, ҳамин ки шифо ёфтам, дубора ба Русия меравам. Дар ин ватан чӣ кор карда мешавад? Дар он ҷо азоб ҳам бошад, пул меёбӣ, дар инҷо аз куҷо пайдо мекунӣ?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |