Қазоқистон дар макотиби миёна курсҳои ронандагӣ ҷорӣ мекунад
Қазоқистон мехоҳад дубора дар барномаҳои таҳсили макотиби миёна курсҳои ронандагиро ҷорӣ намояд.
Ин пешниҳодро Сарсенбай Енсегенов, вакили парлумони Қазоқистон, ҳангоми баррасии тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи «Қонуни ҳаракат дар роҳ»-и ин кишвар ироа намудааст.
Сарсенбай Енсегенов мегӯяд, солҳои пешин донишомӯзон дар макотиби миёнаи кишвараш қоидаҳои ҳаракат дар роҳро меомӯхтанд ва ҳангоми ба поён расонидани таҳсил аз имтиҳон гузашта, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ низ мешуданд: “Имрӯз чи тавре мебинем сифати таълим дар марокизи таълимоти ронандагӣ паст аст, ва бархе аз ашхос метавонанд шаҳодатномаи ронандагиро ба осонӣ аз тариқи ришва ба даст оранд."
Ин пешниҳоди вакили парлумони Қазоқистон дар ҳоле мебошад, ки ба гуфтаи ӯ кишвараш тасмим дорад ба низоми таҳсили 12-сола гузарад ва дар ин сурат синни донишомӯзон низ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мувофиқат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |