Душанбе Наврӯзро бо фейрверг ва “корвони наврӯзӣ” пешвоз мегирад
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз шоми 20 март оғоз гардида, то 25-уми марти соли 2013 идома меёбанд.
Тавре аз шаҳрдорӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, бо қарори раиси Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, субҳи 21 марти соли 2013, аз нуқтаҳои баландтарини пойтахт, яъне маҳаллаҳои "Бадахшон" - и ноҳияи Шоҳмансур, "Кӯҳдоман" - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, "Лучоб" - и ноҳияи Сино ва шаҳраки 24 - и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гашта, аз ин мавзеъҳо "Корвони наврӯзӣ" ба самти ҳар як маҳаллаю шаҳраки пойтахт раҳсипор мегардад.
Ба иттилои манбаъ вуруди субҳи наврӯзӣ бошад 21-уми марти соли 2013 бо фейрверкҳои идона дар Боғи Ғалаба истиқбол карда мешавад. Зимнан шаҳрдорӣ аз сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки дар истиқболи субҳи наврӯзӣ иштироки фаъолона дошта бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |