Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Интернет-провайдерони Тоҷикистон зимни ибрози эҳтиром ҷихати баррасии "дастури" навбатии ғайриқонунӣ ва беасоси Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуров Б.С., ки тибқи мактуби расмӣаз 27.04.2011с таҳти № 1-203 ба ширкатҳо-аъзоёни Ассотсиатсияҳо ирсол карда шуд, муроҷиат намуда истодааст (нусхаи мактуб замима карда мешавад).
Дар мактуби мазкур Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "бо сабаби таъмини бехатарии давлат ва ба танзим даровардани истифодабарии радиобасомадҳо ва воситаҳои радиоэлектронӣ" аз санаи 1 майи соли ҷорӣ иҷозатҳои додашударо барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ баҳри тамоми пайвастшавӣ, ба истиснои пайвастшавӣ тавассути оператори давлатӣ, дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ намуд.
Қарори мазкури мӯҳтарам Зуҳуров Б.С. бо вайрон намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷории Ҷумҳурии Точикистон, аз ҷумла Низомномаи комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул шудааст, ки тибқи он чунин қарорҳо бояд дар мувофиқа бо мақомоти амнияти кишвар қабул карда шавад.
Инчунин, "дастурҳои" мазкури Зуҳуров Б.С. мухолифи дастуру супоришҳои Шумо, ки дар Паёми худ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 20 апрели соли 2011с., ҷиҳати беҳдошти фаъолияти алоқаи телефонӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ва пайвастшавии онҳо ба Интернет шахсони масъулро вазифадор намудед, мебошад.
Иқдомҳои мазкури Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Зуҳуров Б.С. садди роҳи инкишоф ва фаъолияти технологияи муосири амалкунанда шуда сабаби коҳиш ёфтани буҷаи давлатӣ ва паст шудани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣмегардад. Инчунин, "пешниҳоди" Зуҳуров Б.С. оид ба амалӣ намудани пайвастшавӣ бо воситаи оператори давлатӣ, ба он оварда мерасонад, ки дар натиҷаи зиёд шудани талаботи операторони дигар имкониятҳои техникии оператори давлатӣ кифоягӣ накарда дар натиҷа тамоми алоқа метавонад аз кор монад ва боиси ба вуҷуд омадани зарари назаррас ба давлат ва тамоми сохторҳои он гардад.
Чунин сиёсати Зуҳуров Б.С. ба он оварда расонд, ки имрӯз кишвари мо дар минтақа мавқеи пешсафро ҷиҳати ба маркази транзитии телекоммуникатсионӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз даст додааст. Дар натиҷа, ширкатҳои телекоммуникатсионии Афғонистон бо воситаи нахи нурӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст шуда, кишвари мо аз фоидаи зиёди ин трафик маҳрум гардид.
Аз ин лиҳоз, мо ба Шумо муроҷиат намуда эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба чунин "иқдомҳо" ва "дастурҳо"-и Хадамоти алоқаи кишвар бо сарварии Зуҳуров Б.С., ки бар хилофи сиёсати Шумо равона карда шуда барои дастгирии вазъи кунунии соҳаи алоқа ва инкишофи минбаъдаи он зарари ҷиддӣ мерасонад, хотима гузошта шавад.
Замима: мактуби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар 1 саҳифа.
Бо камоли эҳтиром,
Иркаев Г.Н.,
раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони
алоқаи мобилии Тоҷикистон
Ибодова П.Ч.,
раиси Ассотсиатсияи
Интернет-провайдерони Тоҷикистон
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |