3 нигоҳ ба 1 масъала: Манъи никоҳи хешутаборӣ дуруст аст?

Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод кард, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон ху истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Вале дигарон чӣ мегӯянд?
Қобилҷон БОЕВ, раиси собиқи шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо:
“Ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”
Марҳабо ЗУНУНОВА, сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Никоҳ ва оила":
“Кӯдакони маъюб бештар аз ингуна оилаҳо мебароянд. Барои ҳамин, ташвиқ кардан лозим, вале ғайриқонунӣ кардани он як омили дигаре барои коррупсия мешавад. Бояд филм гиранд, ки издивоҷҳои хешутаборӣ чӣ дар пай дорад. Дар як оила ҳатто то 7 маъюб ҳаст. Омӯзиши ин масъала кори якрӯза неву чандсола аст.”
Зубайдуллоҳи РОЗИҚ, раиси Маҷмаи уламои ҲНИТ:
“Агар мақсад аз манъ кардани издивоҷҳои хешутаборӣ насли солим бошад, мо ҳам тарафдорем. Вале мақсад насли солим нест. Балки мақсад дохил кардани муқаррароту равияҳои динҳои бегона дар қонунгузорӣ, урфу ҳувияти миллии мост. Барои ҳамин аламовар аст. Агар насли солим мехоҳанд, қонун бароранд, ки то саломатияшон ба воситаи ташхиси тиббӣ гузаронда нашавад, никоҳ сурат нагирад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |