Николаев гуфт, Умаралӣ Қувватов аз СИЗО-и Дубай "гум шудааст"

Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, мегӯяд, чаҳор рӯз боз нафари таҳти ҳимояташ дар дастрас нест ва бо наздиконаш ҳам тамос нагирифтааст.
Ӯ дар як суҳбати телефонӣ аз Маскав ба «Озодагон» гуфт, «ман бо Қувватов тамос доштам. Вақте тамос қатъ шуд, яъне дастрасӣ ба ӯ гум шуд, ҳамкоронам дар Дубайро огоҳ кардам. Онҳо низ гуфтанд, ки намедонанд нафари таҳти ҳимояти ман дар куҷост. Ду рӯз мо барои пайдо кардан ё барқарор кардани тамос бо Қувватов талош кардем, вале ҳеҷ натиҷае нест. Аз ин сабаб ин хабарро дар саҳфаи Фейсбук ва Твиттер гузоштем.»
Ҷаноби Николаев дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, то ҳоло бо мақомоти Дубай шахсан дар тамос нашудааст. Вале афзуд ӯ, дар Дубай вакилони мудофеъ доранд, ки дархости сареъ ба мақомоти зирабти Дубай фириcтодаанд, то ҷои Умаралӣ Қувватовро муайян кунанд. Николай Николаев мегӯяд, «ҳоло мехоҳем муайян кунем, ки Умаралӣ Қувватов зинда ҳаст, ё не. Дар куҷост. Ин кор барои ҳифзи ӯ буд, ё кори мақомоти махсуси Тоҷикистон.»
Дар ҳоле ки ба қавли мусоҳиби мо, ҳамроҳони Қувватов дар боздоштгоҳи Дубай гуфтаанд, «соати дуи шаб одамон дар либосҳои сиёҳ» омада, ӯро гирифта рафтаанд. «Баъд аз ин тамос бо ӯ қатъ шуд»,-гуфт Николаев.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кардааст, моҳи декабри соли 2012 дар фурудгоҳи Дубай дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешуд. Даҳуми март додгоҳи Дубай дархости Тоҷикистон барои истирдоди сареи Қувватов ба Душанберо рад карда ва гуфта буд, мурофиа оғози моҳи апрел идома хоҳад кард.
Мақомоти тоҷик Умаралӣ Қувватовро дар дуздии 6 миллион доллар маблағи ширкатҳои Тоҷирон ва Фароз муттаҳам медонанд. Ҷаноби Қувватов тобистони соли гузашта ба Маскав рафта, аз таъсиси созмони сиёсӣ ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон -- "Гурӯҳи 24" хабар дод. Ӯ дар изҳороти худ ба унвони раҳбари ин гурӯҳ гуфта буд, дар интихоботи соли 2013 бояд Эмомалӣ Раҳмон ширкат наҷӯяд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |