Туркманистон "Наврӯзнома"-ро ба табъ расонд
Дар остонаи Иди байналмилалии Наврӯз китоби илмии "Наврӯзнома" дар Туркманистон аз чоп баромад.
Дар ин китоб дар бораи таърих, пайдоиш ва фарҳангу суннати пешвозгирии ин иди баҳор навишта шудааст. Тавре расонаи «Тurkmenistan.ru» иттилоъ медиҳад, ин китоб бо заҳмати муаррихон, забоншиносон, этнографҳо, рӯзноманигорон ва донишмандони шинохтаи туркман омода гардидааст.
Манбаъ афзуда, ки шакли нави нашршудаи ин китоб метавонад хонандаро бо зебогии Наврӯз ё худ ҷашнвораи бостонӣ амиқтар ошно намояд. Наврӯзнома бо сюжахои мавзӯии бостонӣ ва наққошиҳои ҳунармандони шинохта мусаввар гардидааст. Рассомон махсусан барои он расмҳоеро бар асоси манобеи таърихӣ тасвир намудаанд, ки дар бораи Наврӯз метавонанд маълумот бидиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |