Нигаронии Шӯрои уламо аз афзоиши никоҳҳои муваққат (мутъа)

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, бо мурури афзоиши шаҳрвандони Эрон дар кишвар сабти никоҳҳои сиға ё муваққат низ афзоиш ёфтааст.
Атоулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо назардошти афзоиши шаҳрвандони Эрон дар кишвар бояд занҳои тоҷик ҳушёр бошанд ва ба издивоҷҳои муваққат розӣ нашаванд. Ба гуфтаи Қосимов “чанде пеш ғайрирасмӣ, яъне бе ариза, ба Шӯро ду-се зан муроҷиат карданд, ки бо шаҳрвандони Эрон никоҳ бастаанд. Аммо баъд аз чанде шаҳрвандони Эрон аз Тоҷикистон рафта дигар барнагаштаанд. Вақте занҳои тоҷикашон телефонӣ бо онҳо дар тамос мешаванд, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки никоҳҳои сиға бастаанд.”
Қосимов афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо Шӯрои уламо давоми шаш моҳи охир тавассути домуллоҳои кишвар ва ВАО, аз ҷумла хабаргузории “Озодагон” мехоҳад ба шаҳрвандони Тоҷикистон фаҳмонад, ки никоҳҳои сиға дар мазҳаби ҳанафӣ дуруст нестанд ва бояд аз онҳо канорагирӣ кард.
Беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон мусалмонанд ва қисмати бузургу аслии онҳоро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд. Рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ никоҳе, ки барои муддати муайян баста мешавад, ҳаром аст ва қабул нест. Пайравони мазҳаби исмоилия, ки қисме аз сокинонии мусалмони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, низ мегӯянд, аз назари онҳо никоҳи муваққат дуруст нест ва онҳо ҳангоми бастани никоҳи шаръӣ ваъда медиҳанд, ки то охири умр дар канори якдигар хоҳанд буд.
Никоҳи муваққат дар миёни пайравони шиа дар Эрон роиҷ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |