Таваллуд миёни духтарони навраси узбак аз тоҷикон камтар аст
Мизони таваллуд миёни духтарони наврас дар Узбакистон пасттарин дар Осиёи Миёна арзёбӣ мешавад.
Тавре Созмони милали муттаҳид дар гузориши ҷадидаш - "Ҳисоботи рушди инсон дар соли 2013” зикр кардааст, тайи соли 2012 дар Узбакистон миёни ҳазор зани аз 15 то 19-сола 12,8 ҳолати таваллуд рост меояд, ки ин нишондод нисбат ба дигар кишварҳои минтақа кам мебошад.
Бар асоси ин гузориш, мизони аз ҳама баланди таваллуд аз ҷониби духтарони наврас дар Қирғизистон сабт шудааст, ки ба ҳазор зани аз 15 то 19-сола 33 таваллуд рост меояд. Дар Тоҷикистону Қазоқистон ин нишондод мувофиқан ба 25,5 ва 25,7 баробар аст.
Ёдрас менамоем, ки чанде қабл Қирғизистону Тоҷикистон дар раддабандии нишондиҳандаи рушди инсон (Human Development Index) ҷойи 125-умро ишғол намуда буданд, ки ин бадтарин нишондод миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |