Парвин Юсуфӣ дар талоши ҳунарнамоӣ дар Олимпиадаи Сочӣ
Парвин Юсуфӣ, овозхони шинохтаи тоҷик, иштирокчии Озмуни бози байналмилалии ҳайатҳои эҷодӣ аст.
Барандаи ин озмун ҳаққи ҳунарнамоӣ дар чорчуби барномаҳои фарҳангии XXII-умин Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014-ро дарёфт хоҳад кард. Ғолибони озмун аз роҳи овоздиҳии интернетӣ аз тариқи сомонаи фарҳангии Сочи-2014 муайян мешаванд.
Дар озмун нафароне ҳақи ширкат доранд, ки синашон аз 14 боло аст. Дар маҷмӯъ иштирокчиён метавонанд, дар яке аз 16 номгӯй, аз қабили акробатика, гимнастика, жанрҳои гуфтугӯӣ (ҳикоя, монолог), таронаҳои эстрадӣ (баллада, суруди мардумӣ, қитъахонӣ), рақс ва ғайра бахти худро санҷанд. Парвин Юсуфӣ дар бахши «Ҷаз» («Ҷаз-банд») муддаист.
Парвин Юсуфӣ моҳи апрели соли гузашта дар ҷашнвораи «Ҷаз. Бишкек. Баҳор-2012» ширкат ва ҷоизаи аввали озмуни намояндаи кишварҳои Осиёи Миёнаро соҳиб гардид.
Хоҳишмандон метавонанд, ба ҷонибдорӣ аз Парвин Юсуфӣ дар ин ҷо раъй диҳандВа ин таронаи Парвин Юсуфӣ, ки ба озмун пешниҳод шудааст:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |