Сафорати Эрон: Ифтитоҳи “Сангтӯда-2” ба таъхир афтод

Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ба Тоҷикистон, ки дар назар буд, зимни он нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” пурра фаъол шавад, то моҳи апрел ба таъхир афтод.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Алиасғари Шеърдуст, сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи Алиасғари Шеърдуст ба далели баъзе чорабиниҳои наврӯзӣ дар худи Эрон ва Туркманистон, Маҳмуд Аҳмадинажод наметавонад рӯзҳои 25-26-уми март ба Душанбе ояд: “Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон дар доираи таҷлили Наврӯз дар Ашқобод мулоқот хоҳанд кард ва ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд. Баъдан моҳи апрел Аҳмадинажод ба Душанбе меояд.”
Дар ҳамин ҳол Алиасғари Шеърдуст афзуд, ки ифтиттоҳи нерӯгоҳи “Сангтуда-2” ҳам барои чанд ҳафта ба таъхир меафтад. Шеърдуст рабт доштани ин таъхирро ба қарздории “Барқи тоҷик” аз “Сангтуда-2”, ки 12 миллион долларро ташкил медиҳад, рад кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабаргузориҳои Эрон аз қавли Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ки сарфи назар аз қарздории “Барқи тоҷик”, охирҳои моҳи март “Сангтӯда-2” пурра ба кор медарояд. Аммо дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” Пӯлод Муҳиддинов аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард.
“Сангтӯда 2” калонтарин тарҳи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари худи Тоҷикистон сохта шуда, баъди ифтиттоҳи пуррааш тавлиди барқ дар Тоҷикистон соле то 1 миллиард килловат бештар мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |