Маҳкумияти марде, ки ба номуси духтари хурдсолаш таҷовуз кардааст
Додгоҳи вилояти Алматии Қазоқистон мардеро бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтари 5-солааш ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.
Додгоҳ мегӯяд, ин мард Хурсанбек Бейлеков шаҳрванди Қирғизистон буда, ба Алматӣ барои кор рафта буд ва дар ҳолати мастӣ ба номуси духтари хурдсолаш дастдарозӣ кардааст. Ҳоло ҷабрдидаи хурдсол барои табобат дар ватани худ қарор дорад.
Додгоҳи Алматӣ Хурсанбек Бейлековро тибқи моддаи 121, банди 4-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон, ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳии Бейлеков на вакили мудофеи ӯ ва на ҳамсараш иштирок накардаанд.
Бар асоси хабарҳо, гумонбар ба ҷурми худ эътироф намуда, муҳлати ҷазои худро дар Қирғизистон адо менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |