3 голи беҷавоби мунтахаби Тоҷикистон бар Макао

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии дуюмашро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AФК-2014 бо тими Макао анҷом дод. Дар дақиқаи 57-уми ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов, дар Бишкек футболбозони тоҷик тубро вориди дарвозаи ҳарифашон карда, ҳисобро ба 0:1 расонданд. Дар дақиқаи 84-уми дидор голи дуюм ва дар дақиқаи дуюми вақти иловагӣ футболбозони тоҷик голи сеюми худро ба дарвозаи ҳариф ворид намуданд. Бозӣ 0:3 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” инчунин бо тими миллии Қирғизистон дидор анҷом хоҳад дод. Ин бозӣ низ дар пойтахти Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов, то 21-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешаванд. Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 рӯзи, 17-уми март, дар Бишкек бар мунтахаби Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи сабқатро Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-уми дидор ба дарвозаи ҳариф ворд намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |