Сайфулло Сафаров, муовини директори маркази тадқиқоти стратегӣ бар ин назар аст, ки қазияи Афғонистон танҳо мушкилоти ин кишвар набуда, он мушкилоти минтақа ва ҷаҳон аст. Масъули дигари ҳамин марказ- Абдунабӣ Сатторзода андешаҳои ҳамкорашро тақвият бахшида мегӯяд, то ҳанӯз роҳи одилонаи ҳалли қазияи Афғонистон муайян нашудааст, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон набояд аз авзои феълии Афғонистон истифода намоянд, балки барои фароҳам овардани шароити сулҳу истиқрори миллӣ ва таҳкими суботу бозсозию пешрафтҳо дар ин сарзамин мусоидат намоянд, зеро Афғонистон кафили сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Иддае аз коршиносони масоили сиёсӣ мушкилоти Афғонистонро дар мавқеияти хоси ҷуғрофӣ ва стратегии он мебинанд. Зикр гардид, ки маҳз дар қалби Осиё қарор доштани Афғонистон ва дорои захираҳои бузурги табиӣ будани ин кишвар таваҷҷӯҳи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба ин сарзамин бештар гардида, тӯли беш аз 30 сол аст, ки Афғонистон ҳамчун кишвари ҷангзада дар харитаи сиёсии ҷаҳон нуқтаи доғи сайёра маҳсуб мешавад…
Мусоҳиба бо бародари қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд- Аҳмад Валӣ Масъуд бо нишонии зер қобили дарёфт аст: https://ozodagon.tj/suhbati-ruz/1191-2011-07-05-12-18-02.html
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |