Достиев: "Ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ба зарари Русия аст"
Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Маскав дар ягон маврид барои Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ намекунад.
Достиев дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” пешниҳодҳои охирро дар мавриди ҷорӣ намудани виза бо Тоҷикистон бозии сиёсатмадорҳои Русия унвон кард: “Баъзе мансабдорҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба холҳои бештар масъалаи визаро ба миён мегузоранд. Аз ҷумла коммунистҳо дар Думаи давлатии Русия чунин пешниҳод кардаанд.”
Достиев изҳори боварӣ намуд, ки ҳукумати Русия дар ягон маврид бо Тоҷикистон виза роҳандозӣ намекунад, чун “ҷорӣ намудани раводид Русияро ба унвони як кишвари абарқудрат аз давлатҳои минтақаи Осиёи Миён дур мекунад ва мавқеашро дар минтақа заиф месозад.”
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз ҷумла соҳибкори маъруфи ин кишвар, Михаил Прохоров барои коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешниҳод доранд, ки бо Осиёи Миёна виза ҷорӣ гардад. Аммо мақомоти баландпояи Русия мегуянд, нияти ҷорӣ намудани виза бо кишварҳои Осиёи Миёнаро надоранд. Аз ҷумла Константин Ромадановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия, визаро бо кишварҳои Осиёи Миёна хилофи аҳдофи гузоштаи Владимир Путин гуфт, ки ният дорад, тавассути созмони Иттиҳоди Авруосиё ҳаракати бемонеаи пул, нерӯи корӣ ва сармоягузоронро дар минтақа таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |