Донишҷӯи курси 1 дар нигоҳдории 60 кило мухаддирот муттаҳам мешавад
Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯрообод Сафаралиев Толибҷони 20-соларо дастгир кардаанд, ки дар нигоҳдории 60 килло мухаддирот муттаҳам мешавад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Толибҷон Сафаралиев, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо 5-адад бастаҳои селофанӣ дастгир шудааст. Ба иттилои манбаъ зимни кофтуков аз дохили бастаҳои селофанӣ 60 килою 760 грам маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мақомоти пулис мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |