Мухолифини қазоқ қатъи узвият дар Иттиҳоди гумрукиро ба миён гузоштанд
Гуруҳҳои мухолиф дар Қазоқистон барои қатъи узвият дар Иттиҳоди гумрукию Минтақаи ягонаи иқтисодӣ ва боз давлатӣ намудани ширкатҳои стратегӣ мехоҳанд, раъйпурсии умумимиллӣ гузаронанд.
Ба гузориши расонаҳои қазоқ, рӯзи 16-уми март, дар шаҳри Алмаато нишасти гуруҳҳои ташаббускорони референдум барпо гардидааст, ки дар он 500 нафар аз намояндагони тамоми қишри ҷомеаи ин кишвар иштирок намудаанд.
Гуфта мешавад, миёни ин ширкатҳои стратегие, ки мухолифони қазоқ мехоҳанд ба моликияти давлаташон бозгардонанд, корпоратсияи коркарди фулузоти Kazakhmys, ENRC, Арселор Миттал Темиртау ва Бонки миллии Қазоқистон низ мебошанд.
Мувофиқи қавонини феълии Қазоқистон тамоми ҳуҷҷатҳои қабулгардида дар нишасти мазкур ба комиссияи интихоботии марказӣ пешниҳод гардидаанд, ки он дар навбати худ дар натиҷаи тафтишот бояд ба ташаббускорони референдум варақаҳоои имзошударо диҳад. Барои гузаронидани референдум ташаббускорони онро лозим аст, ки беш аз 200 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |