Бахшҳо

Мусофирбари “Осиё Экспресс” дар Душанбе ба садама дучор шуд

Субҳи имрӯз, 18-уми март як мусофирбари ширкати “Осиё Экспресс” дар наздикии корхонаи нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе ба садама дучор шуд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар дод, дар гардиши маҳаллаи маъруф бо “Танка” дар Душанбе як мошини сабукрав, таҳти идораи як хонум бо мусфирбари ширкати “Осиё Экспресс” бархӯрдааст. Дар натиҷа воситаҳои нақлиёти ҳар ду ҷониб зарар дидаанд вале ба саломатии мусофирон осебе нарасидааст. Ҷонибҳо ба созиш омадаанд, ки алайҳи якдигар даъвое надоранд ва ҳар кас мошинашро худаш таъмир мекунад.

Мусофирбарҳои хурди ширкати "Осиё Экспресс" кори худро дар хатсайрҳои маҳаллӣ ду рӯз пеш, аз 15-уми март оғоз кардаанд. Абдуқаҳҳор Холов, сармуҳосиби ширкати "Осиё Экспресс", ба "Озодагон" гуфт, аз 38 хатсайре, ки Саристгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои пешин фаъолият менамуд, имрӯз танҳо дар 12-тои он автобуси онҳо ҳаракат хоҳад кард.

«Мо дар 12 хатсайр ба фаъолият шуруъ кардем. Албатта, бештари онҳо асосан марбут ба вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ мебошанд. Мо ҳоло имкони ба тамоми навоҳи марказ ҷудо намудани автобусҳои махсусро надорем ва ҳоло танҳо хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ваҳдат-Файзобод, Душанбе-Ваҳдат -Обигарм ва Душанбе-Ваҳдат -Обигарм-Роғун мебошанд. Боқӣ сархатҳо марбут ба навоҳии вилояти Хатлон мебошанд. Шаҳри Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Данғара, Фархор Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кулоб»,
-афзуд мусоҳиби мо.

Дар мавриди нархи чиптаҳо ҷаноби Холов мегӯяд, чиптаҳои автобусҳои мусофиркаши ин ширкат дар асоси мувофиқатномаи Вазорати нақлиёту Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархгузорӣ шудаанд. Тибқи иттилои манбаъ як чиптаи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтепа 18 сомонӣ, Душанбе-Ҷалолиддини Румӣ 25 сомонӣ, Душанбе-Дӯстӣ 30 сомонӣ, Душанбе-Ваҳдат 5 сомонӣ, Душанбе-Файзобод 10 сомонӣ, Душанбе-Обигарм 18 сомонӣ, Душанбе-Кӯлоб 40 сомонӣ, Душанбе-Абдураҳмони Ҷомӣ 15 сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати "Осиё Экспресс", ки моҳи октябри соли гузашта Маҷлиси Намояндагон бахше аз тиҷорати онро аз андоз озод намуда буд, барои интиқоли мусофирон 40 адад автобусу сад худрави истеҳсоли Олмонро ба Тоҷикистон ворид кардааст.


Мусофирбари “Осиё Экспресс” дар Душанбе ба садама дучор шуд
Мусофирбари “Осиё Экспресс” дар Душанбе ба садама дучор шуд
Мӯҳр
Войма каден неким. Балони пеши мошин дар балони кафои афтобус расидай, просто балончангак шдай, уже Озодагон хабар кадай. Ана гапу мана гап. Холаи Шарифамо дар астанофкаи Сирк сахари дунгуз зад, ира хам хабар мекнен? lol

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)