Сӯҳроб Шарифов: "Ҳамсояҳо моил нестанд, ки ҲНИТ ба қудрат бирасад" (ВИДЕО)
Абдулғании АБДУЛВАҲҲОБ
Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» бо Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.
Ин сӯҳбати мо дар ҳоле доир шуд, ки ҳафтаи гузашта ҷаноби Шарифов дар нишасте эълом кард, дар интихоботи президентӣ Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рақиб нахоҳад дошт. Дар оғози сӯҳбат мо ҳам аз ӯ хостем, то далели ин гуфтаҳояшро шарҳ диҳад.
Сӯҳроб Шарифов: «Раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, албатта, ҳамчун рақиб метавонанд дар ин интихобот ширкат ҷӯянд. Бар асоси қонуни интихобот ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш ба 35 расидааст, метавонад номзадияшро пешниҳод кунад. Вале сифати ин номзадҳо ва рақиби ҷиддӣ шудан ба номзади эҳтимолии ҲХДТ бисёр душвор аст. Зеро он ҳизби пурқувват аст ва аъзои он ҳам мардуми шинохтаи тоҷик ва таъсиргузоранд. Аз ҷиҳати молию моддӣ низ ин ҳизб пурзӯр мебошад. Ин ҳамаро ба назар нагирифтан кори нодуруст аст. Дар сиёсат бояд, натанҳо як романтизми сиёсӣ, як фантазия вуҷуд дошта бошад. Чи тавре мебинем, аҳзоби сиёсӣ дар ин 20 ё 15 соле, ки арзи ҳастӣ доранд, ягон ҳуҷҷати ҷиддию алтернативии роҳи рушди Тоҷикистонро надоранд. Кӯчак баромад мекунанд дар ин ё он масъала, алоҳида-алоҳида. Масалан, Раҳматулло Зоиров масоили ҳуқуқиро бештар матраҳ мекунад. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бархе масъалаҳои идеологию озодии виҷдонро мегӯяд. Аммо як барномаи ҷадиду комил надоранд, ки фардо сари қудрат оянд, чигуна давлатро идора мекунанд. Он барномаҳои ҳизбие, ки вуҷуд доранд, дар як шакли тезисӣ ва хело ҳам норавшан мебошанд. Аммо барномаи мушаххас надоранд.»
-Чи хеле Шумо кори аҳзоби мухолифро танқид кардед, аҳзоби мухолиф низ дар навбати худ ҳукуматро ба он айбдор мекунанд, ки дар бист соли гузашта натавонистааст мушкили сокинонро ҳал кунад. Дар ҳоле ки ахиран раиси ҲСДТ гуфт, омодааст дар давоми шаш моҳ Тоҷикистонро аз бӯҳрони энержӣ бираҳонад...
Сӯҳроб Шарифов: «Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳизбҳо ингуна изҳороти афсонавию хаёлӣ накунанд. Он изҳороте, ки раиси Ҳизби умумиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон намуда буд, ки то моҳи марти 2014 Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ мебарорем, ин чизҳо афсона мебошанд ва ингуна афсонаҳоро бояд лидерони аҳзоби сиёсӣ нагӯянд. Инро танҳо бо як роҳ кардан мумкин аст, ки манфиатҳои Тоҷикистонро фурӯхтан ва рафта ба давлати ҳамсоя сархам кардан, ки он ба мо барқ диҳад. Идора намудани давлат кори шӯхӣ нест. Барои мисол, ман дар ним ё як сол аз буҳрони иқтисодӣ ё энергетикӣ Тоҷикистонро мебарорам, ингуна афсонаҳоро бас кунанд. Ба ингуна масъалаҳо ҷиддитар, бо ҷалби коршиносони мушаххас дар ин соҳа назар карда, ба мардум пешниҳод кунанд. Худи идора намудани давлат, механизми ба сари қудрат омадани президент баъд аз интихоб шуданаш, муайян месозад, ки дар ним сол ҳоло ҳукуматро ба миён овардан мушкил мебошад, ҳоло ягон барномаро амалӣ кардан он тараф истад. Инҷо масъалаҳои зиёди вазнине барои ҳизбҳо баъд аз интихобот пайдо мешаванд. Агар он ҳизбе, ки биояд сари қудрат бо ин 18 ҳазор вазирону коркунони давлатии кунунӣ кор кунад, ягон дигаргунии ҷиддӣ дар Тоҷикистон намешавад. Ҳоло номаълум, ки ин вазирону раҳбарон бо он розӣ мешаванд кор бикунанд ё не. Бисёриҳо мегӯянд, ки ҲХДТ метавонист, номзади дигареро пешниҳод кунад. Вале ман бори дигар мегӯям, ки дар ягон давлати ҷаҳон, ҳизби сиёсие, ки як сиёсатмадори бонуфуз ва дорои маҳбубияти мардумро дар тамоми кишвараш ноил аст, дигар касро пешниҳод нахоҳад кард. Инҷо дигар ягон ҷои экспримент нест.»
-Аз ин бармеояд, ки ҲНИТ-ро ҳам бо бештар аз 40 ҳазор аъзояш рақиби ҲХДТ намедонед?
Сӯҳроб Шарифов: «Ҳизби наҳзатро мо нисбат ба коммунистҳо рақиби ҷиддӣ мешуморем. Аммо интихоботи президентӣ нозукиҳои худро доро мебошад. Дар инҷо муборизаи шахсиятҳо вуҷуд дорад, нафақат аҳзоб. Агар мо тамоми он ашхосе, ки дар ҳизбҳои дигар ҳастанду эҳтимол муқобили Эмомалӣ Раҳмон бираванд, фикр мекунам, агар Эмомалӣ Раҳмон таблиғоти худро оғоз кунад, тамоми мардум ӯро дастгирӣ хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, ягон давлати ҳамсоя омода нест, ки ин ҳизбро дар сари қудрат дар Тоҷикистон бубинад. Ягон давлат, ба ҷуз Афғонистон. Агар давлатҳои собиқ Шӯравиро мисол биорем, онҳо муқобил мебошанд, ки намояндаи ҲНИТ сари ҳокимият биояд. Инро ҳам бояд ба назар гирифт. Яъне қувваҳои беруна вуҷуд дорад, ки пеши роҳи ингуна корҳоро мегиранд ва ҲНИТ ҳам инро дарк кардааст ва мегӯяд мо ҳоло омода нестем.»
-Яъне, гуфтанӣ ҳастед, ки дар чунин мавридҳо низ кишварҳои ҳамсоя дахл мекунанд ё даст доранд?
Сӯҳроб Шарифов: «Албатта, саҳм мегузоранд. Бе ин сиёсат намешавад. Ҳамаи он давлатҳое, ки манфиатҳои худро дар Тоҷикистон доранд, ҳатман гӯем як «субъект»-и иштироки ин интихобот хоҳанд буд. Албатта, инро бо роҳҳои пӯшида анҷом медиҳанд. Зеро қонун инро манъ менамояд.»
-ҲХДТ аз қабл эълон карда буд, ки номзадаш дар интихобот ширкат мекунад ва он ҳам раисиҷумҳури феълист. Аммо дар ин давра чи тағйиротеро интизор будан мумкин аст?
Сӯҳроб Шарифов: «Ба фикри ман, ислоҳоти ҷиддиеро дар баъзе аз соҳаҳои рушди ҷумҳурӣ аз қабили иқтисодиёту муҳоҷират, озодиҳои ҳуқуқии мардум, масоили озодии виҷдону сухан хоҳад буд. Аз ҷумла тағйири бархе аз қавонин.»
-Ҳафт соли пеш ваъда бар ин буд, камбуди нерӯи барқ рафъ мешавад. Вале ин мушкил ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Ин масъала дар барномаи қаблазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон шомил хоҳад буд?
Сӯҳроб Шарифов: «Масоили энергетикӣ, албатта, хоҳад буд. Зеро се стратегияе, ки мо ва раисҷумҳур пешниҳод карда будем, ҳоло ҷомаи амал напӯшидаанд.»
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |