Виктор Янукович ба Душанбе намеояд
Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, ки гуфта мешуд, рӯзҳои 17 ва 18-уми март ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад, ба Душанбе наомад.
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” хабарҳоро дар бораи сафари қарибулвуқуи Виктор Янукович, президенти Украина ба Тоҷикистон беасос номид: “Мо дар бораи сафари Янукович дар моҳи март ба Душанбе расман ягон иттилоъ надодаем. Қаблан дар худи Украина мувофиқа шуда буд, ки Янукович моҳи апрел ба Душанбе ояд. Аммо айни ҳол барномаи сафари ӯ аниқ нест. Баъди оне, ки сана ва барномаи сафар дақиқ шавад, мо хабар медиҳем.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои хориҷӣ аз қавли Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, рӯзҳои 17-18-уми март бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |