Кӯмаки “Амонатбонк” ба 1346 ниёзманди наврас
Роҳбарияти «Амонатбонк», ба истиқболи иди Наврӯз ба 1346 нафар муҳассилини мактаб интернати рақами 1-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки 266 нафарашон ятиму бепарасторонанд, ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ кӯмак намудааст.
Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» мегӯянд, ин амали хайр, дар доираи сиёсати сарвари давлат оиди дастгирӣ намудани ятимону бепарасторон татбиқ шуда, дар оянда низ идома хоҳад дошт. Ин навбат кумаки хайрияи Бонк ба парваришгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, аз маводи гуногуни хӯрока ва 6 мошинаи дарздузӣву 2 телевизор иборат будааст.
Тавре аз Амонатбонк хабар доданд, сарпарастии ин муассисаро Амонатбонк бо амри президенти кишвар аз 1-уми августи соли 2007-ум ба уҳда дорад ва барои тарбиятгирандагони ин мактабпарваришгоҳ хамеша дасти ёри дароз намуда ҳама он мушкилоти ҷойдошта дар ин муаасисаи таълимӣ ва муҳассилини ин даргоҳро сари вақт бартараф менамояд. Бояд қайд намуд, ки дар соли ҷорӣ ин аллакай бори дуввум аст, ки аз тарафи Амонатбонк ба ин муассисаи давлатӣ кумак расонида мешавад. Кумаки аввала ба ин даргоҳ аз тарафи Бонк маблағи беш аз 31 ҳазор сомониро дар бар мегирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |