Пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Покистон (ВИДЕО)

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар доираи сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 бо дастаи Покистон дар шаҳри Бишкек баргузор ва бо пирӯзии аввалӣ анҷом ёфт. Танҳо голи ин бозиро Хуршед Маҳмудов аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 90-уми бозӣ ба самар расонд.
Ин бозиро дар варзишгоҳи шаҳри Бишкек ҳудуди сесад мухлис ва маъмурони пулису амниятӣ тамошо карданд. Тарафдорони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аслан тоҷикони муқими Қирғизистон ва донишҷӯёне буданд, ки барои таҳсил ба ин кишвар омадаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Никола Кавазович ба майдон омад. Ҳарчанд ҳарду даста имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале натавонистанд онҳоро ба нафъи дастаҳояшон истифода кунанд. Бо ин ҳол, ин пирӯзӣ дар ҳоле ба Тоҷикистон даст дод, ки қаблан Кавазович ба расонаҳо гуфта буд, дастаи Покистон яке аз рақибони аслии онҳо дар ин бозии гурӯҳист.
Як голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар навори зер бубинед, ки тавассути телефон бардошта шудааст. Дастаи Тоҷикистон бо либосҳои сурх ва дастаи мунтахаби Покистон бо либосҳои сафед:
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи “В” инчунин бо тимҳои миллии Қирғизистон ва Макао дидор анҷом хоҳад дод. Ин бозиҳо низ дар пойтахти Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов, то 21-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешаванд. Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд.
Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.
Ҳайати дастаҳо аз ин қарор буд:
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон: 1. Алишер Тӯйчиев, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 7. Фатҳулло Фатҳуллоев, 10. Хуршед Маҳмудов (капитан), 14. Далерҷон Тухтасунов, 15. Наим Улмасов, 17. Дилшод Восиев, 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 21. Иброҳим Рабимов, 22. Комил Саидов.
Бозигарони эҳтиётӣ: 2. Умедҷон Шарифов, 3. Соҳиб Саванқулов, 6. Давронҷон Эргашев, 8. Нуриддин Давронов, 11. Фарҳод Тоҳиров, 12. Юсуф Рабиев, 16. Алишер Додов, 18. Ҷамшед Исмоилов, 19. Аҳтам Назаров, 23. Алексей Неъматов, 28. Абдуазиз Маҳкамов, 44. Ҷаҳонгир Эргашев.
Дастаи мунтахаби Покистон: 18. Юсуф Еҷаз Бутт, 3. Муҳаммад Аҳмад, 4. Комрон Хон, 5. Самар Исҳоқ (капитан), 7. Ясир Афридӣ, 8. Аднан Фаррух Аҳмад, 10. Калимуллоҳ, 11. Ҳасан, 21. Одил, 26. Ёқуб Иҷаз Бутт.
Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Ҷаъфар Хон, 9. Саид, 12. Сақиб Ҳаниф, 14. Ҳамид, 15. Навид, 16. Муҷоҳид, 17. Саддам Ҳусейн, 23. Файзал Иқбол, 29. Ҷадид Хон Патхан.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |