Муаррифии “Забони порсӣ” дар Маркази исмоилияи Душанбе
Фардо, 17-уми март, дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе нахустин шумораи маҷаллаи “Забони порсӣ” муаррифӣ мегардад, ки бо ташаббуси бееш аз 5 ҳазор узви Гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ" таъсис ёфтааст. Шумораи нахустини маҷалла бо хатти форсӣ ва кириллӣ чоп шуда, ройгон (бе пул) тақсим хоҳад шуд.
Аҳлиддин Салимов, узви фаъоли сафҳаи фейсбукии “Забони порсӣ”, дар мавриди рӯи чоп омадани ин маҷалла ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин иқдом асосан бо ибтикори бонуи фарҳангдӯст, Зарафшон Мардонова сурат гирифтааст: “Зарафшон Мардонова ташкилоти “Забони модарӣ”-ро ба қайд гирифт. Хайрхоҳон барои нашри маҷаллаи “Забони порсӣ” ба суратҳисоби ин ташкилот маблағ гузаронданд ва акнун нахустин шумораи он ба нашр расид”.
Бо номи “Забони порсӣ” инчунин дар шабакаи “Фейсбук” гуруҳе фаъол аст, ки ба гуфтаи Аҳлиддин Салимов дар он асосан истифодаи дурусти вожаҳои порсӣ мавриди баҳс қарор мегирад: “Ба суолҳои аъзои ин гуруҳ, донишмандоне чун Сайидюнуси Истаравшанӣ, Дориюши Раҷабиён, Умеди Ҷайҳонӣ, Исфандиёри Одина ва дигарон посух медиҳанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |