Бахшҳо

Гулчеҳра Гулмамадова: "Бародари ман наркобарон нест"…

Ҳумайрои БАХТИЁР

Атобек Гулмамадов, шаҳрванди Тоҷикистону Русия, моҳи декабри соли гузашта дар Дубай бо иттиҳоми даст доштан ба интиқоли 400 кило маводи мухаддир боздошт гардид. Бино ба иттилои расмӣ, барои боздошти Атобек Гулмамадов дар баробари мақомоти дахлдори Русия ҳамчунин пулиси байналмилалӣ, Вазорати умури дохилии Аморати Муттаҳидаи Араб ва Белорус, Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Амрико ва кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ширкат доштанд. Боздошти Атобек Гулмамадов дар Дубай ва интиқоли ӯ аз Дубай ба Русия сару садоеро дар расонаҳои хабарӣ ба вуҷуд овард. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои интиқоли Атобек Гулмамадов аз Дубай ба Маскав изҳори нигаронӣ карда, барои интиқол додани боздоштшуда ба Душанбе дархост кардаанд. Дар робита бо пахши як барномае хабарнигорони рус ин амали Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ҳамчун пуштибонӣ аз гумонбар ва эҳтимоли робитаи ӯ дар сатҳи ҳуқумат маънидод карданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин иттиҳоми мақомоти Русияро беасос ва иғвоангез номида, эълон кард, ки бо дархости наздикони Атобек Гулмамадов барои интиқоли ӯ аз Дубай ба Душанбе нотаи расмӣ ба мақомоти қудратии Абу-Дабӣ фиристодаанд.


Дар сӯҳбат бо "Озодагон" Гулчеҳра Гулмамадова, хоҳари Атобек Гулмамадов, ин қазияро шарҳ дод:

Гулчеҳра Гулмамадова: “Бале, вақте хонавода аз боздошти ӯ дар Дубай огоҳ гардиданд, ҳамагӣ парешон шудем. Бародарам аз Бадахшон омада, хост, ки фавран ба Дубай рафта аз қазия огоҳ шавад. Яъне, ба кадом далел ва чаро Атобекро боздошт кардаанд. Аммо, баъдан бо далели надонистани забон ва баъзе сабабҳои дигар ин сафар ба таъхир афтода, мо ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Чун дар ин муддат алакай хабардор шудем, ки мақомоти Русия дар боздошти Атобек саҳмдор буда, талаби интиқоли ӯро ба Маскав кардаанд. Вале мо аз Вазорати умури хориҷӣ дархост кардем, то Атобек ба Тоҷикистон интиқол ёбад. Мо бо андешаи он ки дар сурати эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашидан ӯ бояд дар Душанбе адои ҷазо намояд, муроҷиати расмӣ доштем.”

-Ҳоло бародари Шумо дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Шумо ин иттиҳомро то чӣ ҳад дуруст мешуморед?


Гулчеҳра Гулмамадова: “Бародарам қочоқбар нест. Мо ба ин умуман розӣ шуда наметавонем. Чунки то имрӯз ӯ боре ҳам бо маводи мухаддир дастгир нашуда буд, ҳеч иртиботе надорад. Ҳарчанд ҳоло ӯ танҳо гумонбар аст, вале аз ӯ ҳамчун ҷинояткор сӯҳбат мекунанд. Ӯ дар Русия оиладор шуда, дар ҳамонҷо ба сар мебурд. Соле як бор ба дидорбинии падару модари пирам ба Тоҷикистон омада, муддате дар Ишкошим ва муддате дар Душанбе ба зиндагӣ мекард. Аслан ӯ ба тиҷорат машғул буд.”

-Чӣ гуна тиҷорат?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Тиҷорати мошин дошт. Одатан аз Дубай ба Душанбе мошин оварда, савдо мекард. Дар Душанбе мизоҷони худӣ дошта, бо дархости онҳо мошин меовард. Баъдан муддате боз ба тиҷорати орд машғул буд. Тақрибан солҳои 2009-ум.”

-Тибқи иттилои расонаҳои Русия бародари Шумо бо худ 4 шиноснома доштааст. Оё метавонед бигӯед, ки ӯ дар Тоҷикистон аз кадом шиноснома истифода мекард ва ин иттилоъ то куҷо дақиқ аст?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Бародарам танҳо як шиноснома дошт - Гулмамадов Атобек Боронбекович.”

-Аз қазияи боздошти бародаратон Шумо кай ва чӣ гуна огоҳ шудед?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Шоми рӯзи 31-уми декабр буд. Ба ман бародари модарам аз Ҳисор тамос гирифта, гуфтанд, ки аз тақдири писарам хеле нигаронам. Ман ҳам ҳайрон шудам ва гуфтам, ки ба писаратон чӣ шудааст? Он кас гуфтанд, ки охир Атоҷон дар Дубай боздошт шудааст. Бо шунидани ин ҳарфҳо чизе гуфта натавонистам. Гулӯямро чизе фишурд. Гӯширо гузоштам, садҳо суол пайдо шуд, ба монанди чаро, бо чӣ далел, дар куҷо ва чӣ гуна дастгир шудани Атобек маро нигарон мекард.”

-Баъд чӣ кор кардед?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Баъд аз лаҳзае ба худ омадаму дубора ба бародари модарам тамос гирифтам. Гӯширо ҳамсарашон бардошт. Он кас гуфтанд, ки тақрибан як ҳафта мешавад Атобекро дар Дубай бо иттиҳоми даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд. Пас аз шунидани ин хабар бо бародаронам тамос гирифтам. Маълум гардид, ки онҳо аз аввал медонистаанд ва танҳо ба хотири парешон накардани хонавода ин иттилоъро махфӣ нигоҳ доштанд. Маълум гардид, ки дар интернет дар бораи ӯ хабарҳое мунташир шудааст. Хабарҳоро хонда дар ҳаяҷон мондам. Чун аз бародари ман дар тамоми расонаҳои русзабон ба унвони "наркобарон"-и асосӣ тасвир шудааст. Ҳар касе, ки агар Атобекро нашиносад, ба он навиштаҳо бовар карданаш имкон дорад. Вале дар ҳақиқат ин тавр нест. Ин чӣ гуна "наркобарон"-и асосӣ аст, ки ҳеч моликияти хуб надорад. Падару модараш дар як кулбаи фақирона дар як деҳаи дурдаст ба сар мебаранд. Ин иттиҳоме беш нест.»

-Яъне, падару модаратон дар Ишкошим?


Гулчеҳра Гулмамадова: “Бале, падару модарам онҷо зиндагӣ мекунанд.”

-Ҳоло қазияи Атобек чигуна ҷараён дорад ва хонавода чӣ кор мекунанд?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Ҳоло бародарам дар Русия қарор дорад. Онҷо ӯ пайваста аз рафти тафтишот пайгирӣ мекунад. Як вакили мудофеи давлатӣ ҳам аз Русия ба мо пешниҳод кардаанд. Ҳоло онҳо бештар атрофи бо кадом далел боздошт шудани Атобек ва аз рӯйи кадом модда боз кардани парвандаро меомӯзанд. Ҳамчунин, мо бо Ренат Курамшин, ҳамон муфаттише, ки дар барномаи телевизиони Русия баромад карда буд, дар тамос ҳастем. Тибқи иттилоъ ҳоло мақомоти қудратии Русия ҳамсари бародарамро барои бозпурсӣ даъват кардаанд. Атобек бо як духтари рус хонадор шуда буд ва 4 фарзанд дошт. Оилааш дар Екатеринбург ба сар мебарад”

-Аслан Атобек кай ба Дубай сафар карда буд ва бо кадом мақсад?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Атобек таърихи 8-уми декабр аз Душанбе ба Дубай рафт. Ҳамроҳи чанде аз дӯстонаш. Онҷо онҳо тасмим доштанд, то як нуқтаи мошиншӯйӣ боз кунанд. Атобек дар ин авохир қасди фаъолият ва зиндагӣ дар Дубайро дошт. Ба гуфтаи ӯ дар Дубай зиндагӣ назар ба Душанбе осонтар, зеро онҷо маҳсулот арзон аст. Барои ҳамин ӯ тасмим дошт, ки дар Дубай як хона иҷора гирифта, нуқтаи мошиншӯйӣ таъсис диҳад.”

-Аммо бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия бародари Шумо дар Дубай ду хонаи 300 ҳазор долларӣ доштааст…

Гулчеҳра Гулмамадова: “Не, Атобек онҷо иҷоранишин буд. Инро дӯстонаш метавонанд тасдиқ кунанд. Ин иттилои бардурӯғ аст, чун Атобек дар Душанбе ба ин қимат моликият надошт, на ин ки дар Дубай. Аслан худи ҳамон барномаи телевизиони Русия дар мавриди боздошти Атобек бисёр иттилои бардурӯғ дошт. Охир, дар барнома гуфтанд, ки гӯиё Атобекро дар фурудгоҳи Дубай боздошт кардаанд. Ин дурӯғе беш нест. Ӯро дар Шарҷа, дар хонаи иҷорааш боздошт карданд. Зеро ҳамон рӯз Атобек тавассути як шабакаи иҷтимоӣ бо хоҳарзодаам сӯҳбат анҷом медод. Вале якбора ғайб задааст, ба муддати 2 шабонарӯз. Баъдан мо дақиқ кардем, ки ҳамон лаҳзаҳои сӯҳбат ба манзили ӯ мақомоти қудратӣ омада, ӯро боздошт кардаанд.”

-Дар воқеъ, бародаратон Атобек чӣ ихтисос дошт?


Гулчеҳра Гулмамадова: “Дар аввали солҳои 90-ум ӯ ба Донишгоҳи Аграрӣ дохил шуда буд. Аммо аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ӯ муддате аз таҳсил дур монда, баъдан ба Русия сафар карда, ҳамонҷо оиладор шуд. Баъди чанд сол дар яке аз донишгоҳҳои Русия ихтисоси ҳуқуқшиносиро гирифт.»

-То ин замон буданд ҳолате, ки бародаратонро ба даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир айбдор карда бошанд?

Гулчеҳра Гулмамадова: “Дар соли 2008-ум ҳамин гуна як ҳолат буд. Он замон писари холаамро бо иттиҳоми даст доштан ба қочоқи 37 кило маводи мухаддир дар Русия боздошт карда буданд. Баъдан маълум гардид, ки дар он парванда аз бародари ман ҳам ном гирифта шудааст. Дар натиҷаи тафтишот бародарам бегуноҳ баромад.”
Мӯҳр
АНТИ ДРАГ
Ё ТАВБА ...Гулчеҳрахон бародари модарашонро нағзакак намешинохтаанд, ки ба он кас чӣ мешавад. Баъд бародари худашонро аз куҷо шиносанд. Боз бародари он кас дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан намехостааст. Пас зери коса нимкосае ҳаст. Аз рӯйи гуфташон маълум аст, ки бародарашон дар ҳақиқат бо ин корҳо солҳои зиёд сару кор гирифтааст.

Ба ахли фахм як ишора бас! Офарин апаи Хумайро..

Рамзия Одинамахмад
ман мудати чанд сол Атобекро мешинохтам, борехам хисс накардам, ки у бо кочоки маводи мухаддир машгул аст. Холо ин маколаро хонда дар хайрат мондам. Дар бораи Атобек Гулмамадов гуфтаниям бисёр шахси хоксору мехрубон хастанд, аз даргохи Мавлои замон талаб дорам, ки хамаи кор ба осони халли худро ёбад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)