Дипломати англис истифодаи кӯмакҳояшро дар Тоҷикистон назорат мекунад
Колин Робертс, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё аз 18 то 20-уми март дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин сафари аввалини Робертс ба Тоҷикистон буда, дар назар аст, ки ӯ татбиқи барномаҳоеро, ки бо кӯмаки Британия амалӣ мешаванд, назорат кунад.
Инчунин дар назар аст, ки бо намояндагони олимақоми ҳукумати Тоҷикистон вохурӣ анҷом медиҳад ва вазъ дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва Афғонистонро баррасӣ менамояд. Робертс боздид аз вилояти Бадахшонро низ ба нақша гирифтааст. Масъулини сафорати Британия дар Душанбе мегӯянд, Робертс аз таълимгоҳи бозомузии кормандони қушунҳои сарҳадии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ дидан мекунад.
Ин кишвар ҳамасола тавассути барномаҳои Департаменти Рушди Байналхалқии Бритониё дар ҳудуди як дарсади даромади миллиашро барои кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон ироа мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |