Амиршоева: "Дидаву дониста набояд фарзанди "инвалид" ба дунё орем"
Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки манъи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод кардааст, мегӯяд, ин масъала ҳанӯз 15 сол пеш дар Кодекси оила ворид ва бояд мавриди амал қарор мегирифт. Зеро ба қавли ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд.
«Вақте фарзанди носолим ба дунё меояд, бар сари хонавода ва давлат бор мешавад. Гузашта аз ин, худи онҳо низ азияти равонӣ мекашанд. Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст»,-мегӯяд Саодат Амиршоева.
Ин пешниҳоди хонум Амиршоева дар нишасти охири Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, садо дода ва мавриди истиқболи вакилон қарор гирифтааст. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло барои таҳияи шакли дурусти ин пешниҳод дар доираи тағйиру ислоҳ ба Кодекси оила гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи вакилон ташкил шудааст.
Саодат Амиршоева мегӯяд, бо вуҷуди он ки то кунун Вазорати тандурустӣ ва расонаҳо дар бораи пайомади издивоҷҳои хешутаборӣ зиёд гуфтанд, вале ин масъала ба ҷои ислоҳ, баръакс, бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, танҳо роҳи ислоҳи ин вазъ қабули тағйирот ба Кодекси оила аст, ки никоҳи хешутабориро расман манъ кунад. «Чандин нафаре, ки бо хешованди худ оила барпо карданд, аз сабаби носолим таваллуд шудани фарзанд байни апаю хоҳар муноқишаҳо шудааст. Мо набояд, фарзанди «инвалид» ба дунё орему аз хонаводаи худ ҷудо ва аз пагиву хоҳарӣ даст кашем. Баръакс, бо дигарон ришати хешутаборӣ баст, то меҳру пайванд зиёд гардад. Аз ҳамин сабаб, ман зарур донистам, ки чунин қонун қабул карда шавад. Зеро, фикр мекунам, то қонун қабул карда нашавад, вазъ ислоҳ намегардад»,-изҳор дошт ӯ.
Вай ба суоли мо ки оё ягон фарзанди худро ба хешованди наздикаш надодааст, гуфт, барои шаш фарзанди худ бо хонаводаҳои дигар ришати хешутаборӣ бастааст ва аз ин пушаймон ҳам нест. «Онҳоро ба шахсони бегона бе касалии ирсӣ барои хонадор кардам. Ҳоло бошад, 16 набера дорам. Ҳамаш сиҳҳату саломатанд.» Вай дар охири сӯҳбаташ изҳори умед кард, ки сокинон аз ин пешниҳоди ӯ истиқбол мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳодаш бештар дар сӯҳбатҳои интихобкунандагонаш дар Қӯрғонтеппа садо додаанд. «Агар инро мардум ҷонибдорӣ кунанд, бисёр хуб мешавад, чунки ин ба хотири солимии ҷомеа мебошад ва ба фоидаи онҳост.»
Иддае аз сокинони Тоҷикистон фарзандони худро ба хеши наздикашон медиҳанд ва мехоҳанд ба ин тариқ пайванди хонаводагиро устувор кунанд. Аммо табибон мегӯянд, аксари чунин хонаводаҳо соҳиби фарзандоне мегарданд, ки аз модар бо нуқс ба дунё меоянд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, 50 дарсади кӯдаконе, ки волидонаш хешутаборанд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |