Мизони таваррум дар ду моҳ ба 1,1 фоиз баробар шудааст
Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи феврал 0,6 фоизро ташкил дода, давоми 2 моҳи аввали соли равон ( январ феврал) ба 1,1 фоиз баробар шудааст.
Тавре аз Агентии омори Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар давоми 12 моҳи ахир мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 7,0 фоиз расидааст.
Меъёри бозтамвил, ки ҳамчунин яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар моҳи феврали соли ҷорӣ чун моҳҳои пешин дар сатҳи 6,5 фоиз бе тағйир қарор дорад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва нақшаҳои он дар соли 2013, сатҳи таваррум дар ҳадди 9% нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Соли 2012 меъёри таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта, 6,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2011 ҳудуди 2,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |