Даври 21-уми сабқати қаҳрамонӣ миёни тимҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон идома дорад.
Тавре Нуралӣ Хоркашев, ёвари президенти федератсияи футболи мамлакат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дирӯз дар варзишгоҳи «Парвоз»-и ноҳияи Бобочон Ғафуров вохӯрии соҳибони майдон бо дастаи «ССКА Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 3 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Имрӯз дастаи «Энергетик» бо «Истиқлол», тими «Регар ТадАз» бо «Шодмон» ва дастаи «Хучанд» бо «Хайр», тими «Гвардия» бо дастаи «Равшан» бо ҳам рақобат мекунанд. Гуфта мешавад, дар байни нишонзанҳои беҳтарини лигаи олӣ, Мирзобек Мирзоев аз дастаи «Хайр» бо 11 тӯб, Юсуф Рабиев аз дастаи «Истиқлол» бо 10 тӯб пешсаф мебошанд. Феълан, дастаи «Истиқлол» бо 37 имтиёз аз 15 бозӣ дар зинаи аввал, тими «Равшан» бо 35 имтиёз аз 16 бозӣ дар ҷойи дуюм ва дастаи «Регар ТадАз» бо 33 имтиёз аз 16 бозӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.{jathumbnail off}
Мӯҳр