Навиштаи докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия, Меҳмоншоҳ Шарифзода, бо номи «Бе арзишҳои исломӣ наметавонем коре бикунем» мавриди баҳси бархе аз хонандагони мо қарор гирифтааст. Ҳоло навиштаи яке аз ин хонандагон, ки худро «Мунтақид» номидааст, дар вокуниш ба матлаби ҷаноби Шарифзода нашр мекунем.
Инак, ин нома:
«(Вақте зартуштӣ камари бандагиро се бор гирди миён давр занонда ва дар ҳар давр калимаи пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро такрор мекард, вале пеши шоҳаншоҳ саҷда мекард, на пеши Ҳақ, маълум аст, ки ҷомеа ба як дониш ва таҷрибаи комилтари шинохти ҳастӣ, ҳақ ва ҳақиқат ниёз дошт.)Ҷаноби Меҳмоншоҳ, касе ки бо зикри "пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" куштӣ ба камар мебандад, пеши касе саҷда намекунад, чун саҷда пеши касе хилофи ин асл аст. Назди шоҳону фармонравоён таъзим кардан дар ҳамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо, аз ҷумла исломӣ, вуҷуд дошта ва танҳо ба зартуштиён маҳдуд намешавад. Ин як расм ё прутукули дарборӣ буда ва имрӯз ҳам дар кишварҳои салтанатӣ роиҷ аст. Дар назди мусалмонон ин суннат ба ифрот расида буд.
(Дар таҷрибаи Исломӣ буд, ки мардон фаҳмиданд, камари бандагиро дар дил мебанданду дар баробари ҳақ саҷда мекунанд, на дар баробари банда.)
Оё Шумо метавонед собит кунед, ки расми "саҷда кардан" назди ҳокимону фармонравоён дар замони исломӣ ва назди мусалмонон роиҷ набуд? Магар мусалмонон тайи ин ҳазору понсад (500) сол назди амирону салотини турку муғул ва араб миёни худро дуқат карда саҷда намекарданд??? Магар пеши пойи онҳо намеуфтоданд? Магар садҳо шоъири дарборӣ, мисли Унсурию Фаррухию Анварию... камари хидмат ва ғуломӣ барои ҳукком ва амирону фармонравоёни турку муғул набаста ва садҳо қасидаи ғарро дар мадҳи онҳо нанавишта буданд?
(Зиндагии авлиёи Худоро дар фарҳанги Исломӣ-Тоҷикӣ бубинед, ки одамиятро ба кадом зина расониданд. Аслан дар фарҳанги башарӣ касе мисли ин қавм барои маънӣ, сухан ва бунёди одамият ҷонбозӣ накардааст. Ин мардон гуфтаи Зартушт “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”-ро на танҳо такмил доданд, ҳатто дар баъзе ҷо беҳтар ин маъниро дар сухан ва амал баён кардаанд.) Ҳамин "авлиёи худо" ки мегӯед киҳо ҳастанд? Магар ҳамон ба истилоҳ "фавқибашарҳое" нестанд, ки мардуми мусалмон парастиши онҳоро ба дараҷаи худоӣ расондаанд? Аслан чаро шумо култи одампарастӣ ва шахспарастиро дар даврони исломӣ намебинед? Аз паямбару аҳли байташ гирифта то имомону сайидҳову эшонҳову хоҷаҳо, ки шумо "авлиёи худо" меномед, чаро ин қадар миёни мусалмонон парастиш мешаванд? Ҳатто қабру мақбараҳои онҳоро мебусанд? Барои Ҳусайн садсолаҳо боз даст ба худзаниву худхуншоркунӣ мезананд? Назди охунду мулло ва эшон мераванду миён дуқат мекунанду дастонашонро мебӯсанд? Инҳо магар шахспарастӣ ва одампарастӣ нест? Оё дидед, ки ҳеч зартуштие ба ҷуз Аҳурамаздо кас ё чизи дигареро парастиш ё ниёш кунад? На шоҳон ва на бузургони дини Зартушт дар гузашта ба ин андоза мавриди парастиш қарор нагирифтаанд ва таърих ҳам ёд надорад. Дар ҳоле ки мусалмони бечора дар намозаш ҳар рӯз султон Маҳмуду Темуру дигару дигаронро дар канори паямбар ва хулафои исломӣ ёд мекунад ва ба онҳо салавот мефиристад. Магар фирқае аз ислом нест, ки Алиро ба дараҷаи худоӣ боло бурдааст?"
Мӯҳр