Оё мехоҳед, ҷумъа рӯзи истироҳат бошад?
Вакилони парлумони Қирғизистон аз Ҳизби «Ор-номус» дар тарҳи ислоҳҳо ба Кодекси меҳнати ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки рӯзи ҷумъа рӯзи истироҳат эълон шавад.
Турсунбой Боқир уулу, вакили парлумони Қирғизистон гуфтааст, ин ташаббус барои ҳимоят аз ҳуқуқи мусалмонон кумак хоҳад кард. Ӯ дар шарҳи ин ҳарфҳои худ афзудааст, дар рӯзи ҷумъа аксари мардуми мусалмон маҷбур мешаванд, бо хотири парешон корашонро тарк карда, барои намози ҷумъа раванд.
Ин вакили қирғиз гуфтааст, дар сурате ки рӯзҳои корӣ шаш рӯз таъин шаванд, он вақт танҳо ҷумъа барои мардуми ин кишвар рӯзи истироҳат хоҳад буд. Агар рӯзи корӣ панҷ рӯз бошад, пас, мардум метавонанд рӯзҳои ҷумъа ва шанбе истироҳат кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади сокинонаш мусалмонанд, рӯзи ҷумъа рӯзи корист. Ҳарчанд дар баъзе маҳофил дар бораи тағйири рӯзи истироҳат ба рӯзи ҷумъа суҳбатҳо шудааст, вале то ҳол расман дар ин замина талоше сурат нагирифта. Бо ин ҳол, хабарнигори «Озодагон» аз чанд раҳгузар дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки то куҷо тарафдори тағйири рӯзи истироҳат аз якшанбе ба ҷумъаанд.
Бархе аз назардиҳандагон гуфтаанд, барояшон мақбул аст, ки рӯзи ҷумъа истироҳат эълон шавад. Баъзеи дигар ҳам гуфтаанд, ки тӯли чандин сол ба рӯзи якшанбе, ки дар Тоҷикистон бештар бо номи рӯзи бозор маъруф аст, одат кардаанд ва бигузор чунин бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |