Оҷонсии омор шарикони "сахӣ"-и Тоҷикистонро номбар кард
Тайи ду моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон 37 кишвари дунё дар ҳаҷми 13 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона ироа кардаанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ – феврал ба кишвар 2,4 ҳазор тонна орд, 293 тонна равғани растанӣ, ба маблағи 808 ҳазор доллар либосворӣ ва ҳамчунин дигар кӯмакҳои башардӯстона ворид шудаанд.
Аз ҳаҷми умумии кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон 52 дарсадаш ба Амрико рост меояд. Русия аз рӯи ҳаҷми кӯмакҳои расондааш ба Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад, ки 15 дарсади кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистонро ироа кардааст. Австрия бо ҳиссаи 6 дарсад сеюмин шарики сахии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |