Дастгоҳи президент: "Мо дар масдудияти nahzat.tj даст надорем"
Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар масдудияти торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон -- nahzat.tj даст надорад.
Қадамҷон Сафиев, мудири Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар суҳбат бо ”Озодагон” гуфт, дастгоҳ барои масдудияти nahzat.tj дастуре надодааст ва чунин салоҳиятро ҳам надорад: “Мо аз масдудияти nahzat.tj бехабарем ва ин кор ба мо дахл надорад. Беҳтараш дар ин маврид соҳиби домен ҷавоб гӯяд.”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли Муҳибуллоҳи Қурбон, сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ширкати «Get.tj», бақайдгирандаи домени .tj дар Душанбе то ҳол боз нашудани сомонаи nahzat.tj-ро талаби Дастгоҳи президент медонад: “Дастгоҳи президент сабаби баста шудани сомонаро сабабҳои техникӣ унвон намуда гуфтаанд, ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд».
Асомуддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба хабаргузории “Озодагон” даст доштани Дастгоҳи президентро дар масдудияти nahzat.tj аз эҳтимол дур донист. Ӯ гуфт, “фикри ман чунин аст, ки муҳлати ба қайд гирифтани домени www.nahzat.tj ба анҷом расидааст. Дастгоҳ ин корро карда наметавонад”.
Масъулини nahzat.tj изҳор медоранд, ки сар аз 11-уми март, муддати се рӯз аст, ки сомонаи nahzat.tj фаъол нест. “Дар ширкати Get.tj, бақайдгирандаи домени .tj дар Душанбе, гуфтанд, мушкил дар пардохт нашудани маблағ барои сабти такрории сомона будааст. Худи ҳамон рӯз ба идораашон рафта, барои сабти номи такрорӣ пардохт кардем. Онҳо ваъда доданд, ки эҳтимол рӯзи дигар сомона фаъол шавад, аммо то ҳол сомона фаъол нашудааст. Аз Дастгоҳи Президент ба ин идора занг зада, гуфтаанд, ки сайти nahzat.tj мушкилии техникӣ дорад ва интизор шаванд, то ду - се рӯз пас ин мушкил ҳал гардад ва баъдан сайтро фаъол кунанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |