Пажуҳиш: Мақоми охири Тоҷикистон дар шаробнӯшӣ
Аз миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон нӯшокии спиртӣ камтар истеъмол мекардаанд. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт баъд аз анҷоми пажуҳиш хабар додааст.
Бино ба натиҷагирии ин созмон, Қазоқистон аз ҷиҳати нӯшидани нӯшокии спиртӣ дар миёни кишварҳои минтақа дар ҷои аввал меистад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ба ҳисоби онҳо, ҳар сокини ин кишвар солона тақрибан 11 литр спирти холис истеъмол менамоянд.
Бар асоси пажуҳиши ин созмон, дар дунё аз ҳама бештар дар Аврупо нӯшокии спиртӣ истеъмол мекунанд. «Мардуми ин минтақа дар як сол 12,5 литр спирти холис менӯшанд»,-гуфтааст Созмони ҷаҳонии беҳдошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |