Янукович ба Душанбе меояд. Бо Абдуллоҷонов чӣ хоҳад шуд?

Андрей Федур -- вакили мудофеи Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, мегӯяд, сафари қарибулвуқӯи Виктор Янукович ба Душанбе ба масъалаи истирдоди нафари таҳти ҳимояташ таъсир нахоҳад гузошт.
Қарор аст, раисиҷумҳури Украина рӯзҳои 17-18-уми марти соли ҷорӣ ба Душанбе омада, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот анҷом диҳад.
“Ҳанӯз замони боздошти ӯ ба анҷом нарасидааст. Аз нигоҳи ман, дар ҳар сурат Абдуллоҷонов ба ҷониби Тоҷикистон таслим карда намешавад. Чаро ки Абдуллоҷонов паноҳандаи сиёсист. Тамоми асноде, ки паноҳандаи сиёсӣ будани ӯро таъйид мекунад, ба додситонии кулли Украина пешниҳод шудааст”,-мегӯяд Андрей Федур.
Ӯ дар идома афзуд, “Украина метавонад Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон бидиҳад, дар он сурате ки тамоми қавонини ин кишвар ва қонунҳои байналмилалиро зери по гузорад. Вале ман ба ин назарам, ки Украина бо ин кор обрӯи худро резонданӣ нест.”
Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, ки баъд аз соли 1998 дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебурд, дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Брисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол боздошт шуд. Мақомоти тоҷик ӯро дар куштор ва чанде дигар аз ҷиноятҳои вазнин муттаҳам медонанд ва аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе таслим кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |