Мегафон барои журналистон озмун эълон кард
Ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистон» миёни журналистон ва истифодабарандагони фаъоли интернет озмуни«Телеком илҳом мебахшад»-ро эълон мекунад.
Тавре Шаҳноза Комилзода, сухангӯи Мегафон, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ин озмун аз 13-уми март то 1-уми декабри соли 2013 баргузор мешавад. Ба гуфтаи Комилзода, дар доираи озмун ҳайати ҳакамон мақолаҳоеро дар мавзӯи иртибот ва телекоммуникатсия, ки дар ВАО-и электронӣ ва чопӣ ба табъ мерасанд, баҳогузорӣ хоҳанд кард. Ӯ таъкид кард, ки мавод набояд дорои хусусияти таблиғотӣ бошад:
“Ғолибон аз рӯи шавқу рағбат нисбати мавзӯъ, аҳамияти масъалаҳои баррасишаванда, касбият ва рӯшании инъикоси он, фазилати муаллифон дар масъалаҳои иттилоотӣ-коммуникативӣ интихоб хоҳанд шуд.”
Ба иттилои Шаҳноза Комилзода, ғолиби аслии озмун соҳиби компютери планшет мегардад. Ғолибони дигари озмунро туҳфаҳои арзандаву хотирмон аз ширкат интизор аст. Хоҳишмандони иштирок дар озмун бояд мақоларо ба суроғаи к.ФотеҳНиёзӣ 34, (идораи ширкати «МегаФон» дар назди беморхонаи Ибни Сино) ё ба почтаи электронии Shakhnoza.komilzoda@megafon.tj ирсол намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |