Зуҳуров ба Фишер аз сӯитафоҳумҳо дар минтақа гуфт

Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, имрӯз 13-уми март, дар мулоқот бо президенти Австрия, Ҳайнтс Фишер густариши ҳамкориҳои дучонибаро баррасӣ кардаанд.
Тавре котиби матбуотии парлумон, Муҳамадато Султонов ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров сафари Фишерро дар арафаи иди қадимаи тоҷикон- Наврӯз фоли нек гуфта, изҳори умед кардааст, ки ин баҳор дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо ва мардумони ҳарду кишвар падидаҳои нав ба бор орад.
Зуҳуров аз ҷумла афзудааст, ки “роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ талош меварзанд. Лоиҳаҳои дар ин маврид таҳияшуда аҳамияти минтақавӣ дошта, эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистонро низ дар назар доранд. Ва хеле бомаврид мебуд агар кишварҳои ҳамсоя дар амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ширкати фаъолона меварзиданд. Аммо воқеият дар Осиёи Миёна мутаасифона баръакси ҳол аст. Ҳолати ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин росто ҷавобгӯи талаботи замон нест.”
Зуҳуров ба Фишер гуфтааст, ки Австрию дар аз худкунии захираҳои энергетикии Тоҷикистон метавонад, нақши калидӣ бозад: “Зеро то ҷое медонам Австрия низ чун Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ буда, 22 фоизи нерӯи барқаш дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад ва дорои таҷрибаи ғанию мутахассисони зиёд дар ин бахш аст. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дорад, ки наздик ба 530 миллиард киловатт соат аст. Алҳол танҳо 5 фоизи он истифода мешаваду халос. Ба кор андохтани ин ҳама имконият на танҳо ба таъмини инкишофи кишвар ва фоидаи экологии минтақа ҳамчунин ба манфиати кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Афғонистону Покистон аст. Мутаасифона алҳол дар минтақа фазои тафоҳум ва ҳамгироӣ дар ин масоил дар сатҳи зарурӣ нест. Ин мавқеъ қабл аз хама ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дахл дорад Дар сурати доштани иродаи сиёсӣ ва авлавият додани сулҳу суботи минтақа ва пеша кардани ҳамкорӣ он ҳамаро метавон ҳаллу фасл кард.”
Ҳайнтс Фишер дар навбати худ изҳор доштааст, ки кишвараш мисли Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ мебошад ва омода аст дар ҳама бахшҳои барои ҳарду кишвар манфиатнок бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.
Ба иттилои Султонов дар маҷмӯъ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши робитаҳои сиёсӣ, рушди ҳамкории иқтисодӣ ва мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, савдо, илму фарҳанг ва техника, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |