Бохти "Равшан" аз “Ал-Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 0:2

Дар нимаи дуюми бозии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия дар варзишгоҳи "Шоҳзода Муҳаммад"-и шаҳри Аззаркаи Урдун бозигарони суриягӣ ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ду гол ворид намуда, пирӯз шуданд.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба футбол, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар варзишгоҳи “20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал-Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд, имрӯз 13-уми март, дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия вориди майдон шуд ва бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардид.
Ба иллати вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия, ин бозӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе дар майдони бетараф (дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад-и шаҳри Аззаркаи Урдун) оғоз ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” имрӯз дастаи “Ал-Рамза”-и Урдун дар майдони худ бо тими “Ал-Қодсия”-и Кувайт рақобат мекунад.
Феълан дар ҷадвали мусобиқот дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Ал-Рамза” (Урдун) ва “Ал-Шорта” (Сурия) бо се имтиёзӣ ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд дастаҳои “Равшан” (Тоҷикистон) “Ал-Қодсия” (Кувайт) бошанд бидуни имтиёз дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 аз Тоҷикистон даста- “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ", ки аввалин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода буданд, дирӯз 12-уми март, дар бозии даври дувуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |