Боз як ҷавони дигар дар Тунис худро оташ зад
Расонаи хабарии «ал-Арабия» бо такя ба иттилои кормандони беморхонаи шаҳри Тунис навиштааст, ки ҷавоне дирӯз 12-уми март дар кӯчаи марказии «ал-Ҳабиб Бурқиба»-и шаҳри мазкур дар рӯ ба рӯи театри шаҳрӣ худро оташ зада, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ҷавон, ки ному насабаш оварда нашудааст, маводи сузишвориро ба сару рӯйи худ пошида, сипас худро ба оташ кашидааст. Ашхоси дар гирду атрофаш ҳар чанд талош намудаанд, оташро хомӯш кунанд вале натавонистаанд.
Ин ҷавони дуюми тунисӣ аст, ки дар ҷои ҷамъиятӣ худро оташ задааст. Қаблан, Муҳаммад Буазизӣ, ҷавони тоҷири тунисӣ, 17-уми декабри 2010 бо нишони эътироз аз манъи фурӯши колоҳояш ва таҳқир шуданаш, худро дар рӯ ба рӯи бинои шаҳдорӣ ба оташ кашид. Ин амали ӯ мунҷар ба тазоҳурот ва сарнагун шудани ҳукумати чандинсолаи Зайналобиддин ибн Алӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар соли 2011 гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |