Шамоли сахт ду манзили истиқоматиро ба коми оташ бурд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шоми 12-уми март ҳангоми вазиши сахти шамол, ду ноқили барқ дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Қумсангир ба ҳам часпида боиси сӯхтор дар хонаҳои истиқоматии сокинони ин навоҳӣ, Нурмаҳмад Каримови 53-сола ва Амирхон Шоеви 41-сола гардидааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” хабар доданд, оташи аз назорат баромада ба зудӣ болопӯши каҳдонхонаи Нурмаҳмад Каримовро дар масоҳати 35-метри мураббаъ ва Амирхон Шоевро дар масоҳати 30-метри мураббаъ фаро гирифта, хатари ба дигар манзилҳои истиқоматии зич ҷойгиршудаи ҳамсояҳоро ба миён оварда буд.
Ба иттилои манбаъ оташнишонон бо вуҷуди шамол сӯхторро дар соати 20:40 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш намудаанд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакии коршиносон зарари умумии аз сӯхтор ба соҳибхонаҳо расида 12 000 сомониро дар бар мегирад. ВКД мегӯяд, аз рӯи ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |