Дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Шӯрообод, ки то имрӯз ягон корхонаи саноатй надорад, як сехи консервабарорӣ соли гузашта ба фаъолият оғоз карда буд.
Тибқи иттилои Амирхон Икромов, раиси ноҳия, соли 2010-ум ҳамин сех ба миқдори 30-ҳазор қуттӣ маҳсулоти консервашудаи помидору бодиринг ва пиёзи анзур истеҳсол кард. Аммо бо иллати набудани харидор, 15-ҳазор қуттӣ аз ин маҳсулот ба савдо нарафтаву то имрўз дар анбор мондаанд.
Номбурда афзуд, барои ба савдо баровардани маҳсулоти мазкур масъулин ҳеч кореро анҷом надода, ҳоло ҳам тасмими дуруст нагирифтаанд. Аз ин рӯ, ягона сехи саноатӣ дар ноҳия имкони фаъолият карданро аз даст дода истодааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр