Ҳизби аграрӣ мегӯяд, ҷои Рустам Латиповро "бегона" намекунад

Амир Қароқулов, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон, мегӯяд, дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи №39 (Восеъ) номзади худро пешниҳод хоҳанд кард.
Ӯ дар суҳбат бо «Озодагон» гуфт, ки барои пур кардани курсии холимондаи ҳизб дар парлумон ҳатман талош меварзанд. Аммо вай аз ифшои номи муддаии ин курсӣ худдорӣ карда афзуд, дар арафаи сабти номзадҳо онро эълон мекунанд.
Маҳмадшариф Набӣ, раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, низ ба "Озодагон" гуфт, бо номзади худ вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи вай, конфронси ҳизбӣ тасмим хоҳад гирифт, ки киро ба ҳайси муддаӣ пешниҳод намоянд. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам эълон карда, ки ҲКТ номзади худро пешниҳод мекунад.
Аз ин пеш Раҷаби Мирзо, сухангӯи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва роҳбари маркази тадқиқоти сотсиологии «Бозтоб» эълон карда буд, ки муддаии курси холишудаи Маҷлиси намояндагон хоҳад буд.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи якмандатии Восеъ №39 5-уми май баргузор мешавад. Рустам Латипов, намояндаи ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҳамин ҳавза ба ҳайси вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуд, ахиран бо амри райисҷумҳур райиси ноҳияи Восеъ интихоб гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |