Хушвақтов, муаллифи мусаввараи “Хоруғ”, даргузашт
Хушбахт Хушвақтов, рассоми мардумии Тоҷикистон, шаби 12 ба 13-уми март дар шаҳри Маскав пас аз бемории кӯтоҳмуддат дар синни 87-солагӣ даргузашт.
Хушбахт Хушвақтов соли 1926 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ба дунё омада, дар Донишкадаи рассомии ба номи В.И. Сурикови шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Ӯ соли 1974 ба гирифтани унвони фахрии «Рассоми халқии ҶШ Тоҷикистон» шарафёб мегардад.
Хушвақтов фаъолияташро дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе оғоз карда, баъдан чанд муддат дар вазифаи раиси раёсати Иттифоқи рассомони кишвар кор кардааст. Марҳум муаллифи мусаввараҳои маъруфе чун «Хоруғ», «Ҳунармандони мардумӣ», «Абадият» буда, қисми зиёди маҳсули заҳматаш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод нигоҳ дошта мешавад.
Ҳайати кории “Озодагон” ба наздикони Хушбахт Хушвақтов изҳори ҳамдардӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |