Нома ба Карзай: Душмани забони порсӣ душмани Афғонистон аст

Беш аз панҷ ҳазор узви Гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” бо ирсоли номаи саркушода ба Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ва аъзои Шӯрои вазирони ин кишвар хостори лағви фармони мамнӯияти “лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус” шудаанд.
Дар ин нома хитоб ба Карзай гуфта шудааст, “аз Шумо, ки поёни давраи раёсати ҷумҳурии худро тай мекунед, хоҳишмандем, аз худ меросе баҷо бигзоред, ки кинхоҳона ва нифоқангез набошад, ба суди ҳамаи ақвоми кишвар, аз тоҷику паштуну ҳазораву узбаку туркману нуристонию ғайра бошад ва ба таҳкими дӯстию рафоқат ва ҳамбастагии миёни ақвом бианҷомад.”
Шакли комили нома бо садои Дориюши Раҷабиён дар инҷост:
Ин нома баъд аз он навишта шудааст, ки Шӯрои вазирони Афғонистон қарор дар бораи мамнӯияти истифода аз “забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона ва калимоти номаънус”-ро содир кард. Аъзои Гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” дар номаи худ мегӯянд, “шӯрбахтона, ин мавзӯъ собиқа дорад ва баррасии пешинаи он моро дар баробари воқеияте такондиҳанда қарор медиҳад, ки номи он чизе ҷуз “порсиситезӣ” наметавонад бошад. Намунаҳои ин корзори ношоист дастури бархе аз мақомҳои Афғонистон дар бораи парҳез аз корбурди вожагони порсии ноб аз қабили “донишгоҳ”, “донишкада”, “нигористон”, “дабистон” ва ғайра аст. Агар он мақомҳо аз пешинаи ин вожаҳо огоҳ буданд, мусалламан, чунин тасмими аҷулона намегирифтанд.”
Дар номаи аъзои “Забони порсӣ” таъкид шудааст, ки “кори забонро бояд ба дасти кордон супурд. Давлати ҳеч кишваре пажӯҳишгоҳ ё фарҳангистони забону адаб нест, ки барои соҳибзабонон таъйини таклиф кунад. Гузашта аз ин, забони порсӣ ба далели фаромарзию фароқавмӣ буданаш, тобеи дастурҳои худсаронаи як давлати бахусус нест. Забонварони порсигӯ сирфан дар Афғонистон нестанд ва бо ҳеч шигирду тарфанде наметавон якпорчагии онро хунсо кард. Намунаи боризи ин талошҳои нофарҷом Иттиҳоди Шӯравист, ки бо тағйири номи расмии забон ва ду бор тағйири алифбо ҳам натавонист порсиро тикка-пора кунад. Бо ин ки давлати феълии Тоҷикистон ҳамчунон пойбанди пириллик аст ва гўш ба фарохони равшанфикрони он кишвар мабнӣ бар бозгашт ба дабираи порсӣ намедиҳад, ҳамин гурўҳи маҷозии мо ва воқеъиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ҳокӣ аз бозҷустани рӯзгори васли хеш ва мондагорию якпорчагии порсист.”
Дар фарҷоми ин номаи саргушода таъкид шуда, ки “душманӣ бо забони порсӣ душманӣ бо Афғонистон аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |