Узбакистон имсол шомили феҳрасти "душманони интернет" нашуд
Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» дар гузориши солонаи «душманони интернет» номи Узбакистонро нанавиштааст.
Дар як соли қабл ин созмон Узбакистонро ҳамроҳ бо ду кишвари пасошӯравии дигар- Туркманистон ва Белорусия ба феҳрасти душманони интернет шомил карда буд. Он вақт гузоришгарон навиштанд, ки мақомоти Узбакистон дастрасӣ ба сомонаҳоеро, ки инқилобҳои баҳори арабро баҳс мекарданд, масдуд кардааст.
Дар гузориши тозаи «Хабарнигорони бидуни марз» исми Туркманистон низ ҳазф шудааст. Аммо пажуҳишгарони созмон Ветнам, Сурия, Чин, Баҳрайн ва Эронро душманони аслии интернет ном бурдаанд, ки ба қавлит онҳо «ба хотири назорат аз болои корбарони интернет ба ҷосусии интернетӣ машғуланд».
«Хабарнигорони бидуни марз» феҳрасти «душманони интернет»-ро аз соли 2006 ба ин сӯ ҳамасола нашр мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |