Сироҷиддин Фозилов дар консерти хайриявии «Ховар» тарона мехонад
Радиои «Ховар» бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз консерти хайрия созмон медиҳад.
Музаффари Рустам, яке аз мубтакирони ин барномаи ҳунарӣ гуфт, маблағи аз консерт бадастомада ба афроди имконияташон маҳдуд тақдим мешавад. «Нафароне, ки бо амри тақдир кадом як мушкили ҷисмонӣ доранд, набояд худро бегона эҳсос намоянд. Онҳо низ аъзои комилҳуқуқи ҷомеа ҳастанд ва бо гузарондани консерт мехохем қадре ҳам бошад ба онҳо кӯмак расонем»,-афзуд номбурда.
Дар консерти хайрия, ки 23-юми марти соли равон дар Кохи Ваҳдати пойтахт сурат хоҳад гирифт, овозхонҳое ба монанди Сурайё Қосимова, Сироҷиддин Фозилов, Парвин Юсуфӣ, Зайнура Пулодӣ, Шабнами Собирӣ, гуруҳи «Фарзин» ва дигарон ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |